Menu Sliding loi bai hat Search

Video КАДРИ ИНСОН ДАР ХАЁТ БИРАС -2018

Ca sỹ: УМЕДИ РАХМАТ

28,814 Lượt xem

Mô Tả

Дӯст кист, дар рузи сахти зиндагӣ гардад аён!
Дӯст оне, ки ҳамеша бар ту бошад пуштибон.


Дӯст дар хурсандият хурсанд бошад дар барат,
Дӯст дар рӯзи азо, бандад канори ту миён!


Боз кун чашми дилу чашми сарат як лаҳзае,
Нест дӯсти ҷоние то-ки диҳад баҳри ту ҷон!


Бар Худо савганд модар беҳтарин олиҳа аст!
Дӯст медорад туро бо ҳастияш беҳтар зи ҷон.


Зиндагӣ нуре надорад гар набошад модарат!
Модари нуроният дар зиндагӣ нури Ҷаҳон.


Бе тараф ҳаргиз набош аз гуфтаи Парвардигор!
Бар ҷамоъат руй ор, чун бишниди бонги азон.


Гар шикасте бар сарат омад, ба ҷуз сабр чора нест!
Нест суде аз ғаму, аз нолаву, сӯзу фиғон.


Мегири подоши хайр, гар тухми хайре кошти!
Чун Худованд одил аст, ту аз "Калом"-и ӯ бихон.


Бе имони мебарад инсонро бар роҳи фаҳш,
Чун мусалмони, ҳамеша бош бо нури имон.


Гоҳ бар дӯш мегири бори гарони зиндагӣ,
Гоҳ баҳри зиндагони мешави бори гарон.


Зиндагӣ ҳамвор нест баҳри касе, маҳзун набош!
Аз Худо пасту баланди, баҳри банда имтихон.


Доимо Ҷамшеди М аҳкампур дуъогӯи шумо,
Такягоҳи кулли мо танҳо Худои меҳрубон!
JAMSHEDI MAHKAMPUR!

Video cùng người đăng