Азобу дарди дуриро на хар як банда медонад,
Фироку доги хичронро каси дилганда медонад.
Агар фарде надида дар хаёташ гуссаву гaмро,
Зи дардат хасрате сози, ба нозу ханда медонад.
Хазорон хуби карди бар касе, боре намуди рад,
Ба он як рад намудан хубро хам ганда медонад.
Ба касдан мекунад кори хато бе хеч истисно,
Агар сахван хато карди, туро шарманда медонад.
Худои мекунад аммову нашносад Худои худ,
Ба сад кибру гурур худро, вале арзанда медонад.
Хакикат кай бигардад боз, бар худ як суоле дех,
На дирузу, на имрузу, вале оянда медонад.
Надорем огахи аз якдигар дар калби моён чист?
Худованди бузургу, поку-бахшоянда медонад.
Машав банди гaми Олам, Худоро шукр кун банда!!!
Канори бандагонаш у,туро хам банда медонад.